Даъвати хонандагон ба ҳушёрию муттаҳидӣ
Душанбе, 25.02.2016 (АМИТ «Ховар»). -24-уми феврал бо ташаббуси роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №8-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе вохӯрии судманд доир шуд, ки дар он сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунии ШВКД дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ майори милитсия Баҳрулло Саидов, ҷавонони фаъоли гурӯҳи «Пешоҳанг» Аслиддин Хушвахтов ва Мардихудо Давлатов иштирок доштанд.
Аслиддин Хушвахтов оид ба вазъи имрӯзаи ҷумҳурӣ ва ҷаҳон сухан ронда, доир ба ҳодисаҳои нангине, ки дар як зумра кишварҳои мусулмонӣ рух дода истодаанд, изҳори андеша кард.
Мардихудо Давлатов, аъзои дигари гурӯҳи «Пешоҳанг» доир ба оқибатҳои ҷалби ҷавонони ноогоҳ ба низоъҳои мамлакатҳои Сурияву Ироқ, ки ба ҷуз бадбахтӣ чизе намеоранд, зикр кард, ки имрӯз наврасону ҷавонон бояд ҳушёриву зиракиро аз даст надода, бо масъулияти баланди шаҳрвандӣ бар зидди ҳама гуна зуҳуроте, ки боиси паст задани эътибори миллати мо мегарданд, мубориза баранд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






