Дидбонгоҳи навтаъсис ба номи Рустам Амакиев гузошта шуд
Душанбе, 19.02.2016 (АМИТ «Ховар»).-Дар минтақаи отряди сарҳадии «Панҷ»-и қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дидбонгоҳҳои нави муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти замонавӣ, хобгоҳ, китобхона, хонаи фароғатӣ ва синфхонаҳои таълимӣ ба истифода дода шуданд.
Дар маросимҳои тантанавӣ раиси КДАМ С. Ятимов, фармондеҳи қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Р. Раҳмоналӣ, раиси ноҳияи Панҷ М. Сайфуддинзода иштирок доштанд. «Хизмати ҳарбӣ барои ҳар як ҷавон мактаби ҳаёт мебошад, чунки ин давра ба онҳо сабақи ватандӯстиву ҷавонмардӣ ва обутоби ҷисмонӣ медиҳад. Вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як хизматчии ҳарбӣ ин садоқат ба савганди ҳарбӣ мебошад», — зикр кард раиси КДАМ С. Ятимов дар назди сарбозон.
Яке аз дидбонгоҳҳои навътасис дар маросими тантанавӣ ба номи генерал-майор Рустам Амакиев гузошта шуд.








Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






