ДМИТ: Татбиқи барномаи мубодилаи донишҷӯён
Душанбе, 11.02.2016. (АМИТ «Ховар»). — Дар доираи созишномаи ҳамкории байни Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон ва донишгоҳҳои хориҷи кишвар барномаи мубодилаи донишҷӯён амалӣ гардида, тибқи ин барнома 8 донишҷӯ аз факултаҳои мухталифи донишкада барои таҳсил дар давраи баҳории соли 2015-2016 ба Донишгоҳи нави иқтисодӣ ба номи Т.Рисқулови Ҷумҳурии Қазоқистон ва 1 нафар ба Донишгоҳи менеҷменти Алмаато сафар намуданд.
Инчунин барои иштирок намудан дар барномаи мубодилаи донишҷӯён зиёда аз 20 донишҷӯи донишкада ба Донишгоҳи Пскови Федератсияи Русия номнавис шуда, аз байни онҳо 7 донишҷӯи донандаи забонҳои русӣ ва англисӣ интихоб шуданд. 6 феврали соли равон 7 донишҷӯи интихобшуда барои таҳсил ба Донишгоҳи Пскови Федератсияи Русия сафарбар гардиданд.
Дар маҷмӯъ, шуъбаи робитаҳои байналмилалии ДМИТ барои таҳсил дар давраи баҳории соли хониши равон 16 донишҷӯро барои таҳсил ба хориҷа равон намуд, ки ин яке аз муваффақиятҳо дар ҷодаи татбиқи барномаи мубодилаи донишҷӯён мебошад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






