ДМТ: «Нишастҳои матбуотӣ- муаммо ва пешомадҳо»
Душанбе, 19.02.2016. (АМИТ «Ховар»). — «Мушоҳида мешавад, ки вақтҳои охир дар нишастҳои матбуотӣ роҳбарони аввал иштирок намекунанд. Бархе роҳбарон вақти зиёдро ба хондани варақаи иттилоотӣ сарф мекунанд. Ин ҳолат фурсати суол додани рӯзноманигоронро аз байн мебарад, ки ин ба манфиати кор нахоҳад буд»,-зикр дошт раиси Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон Зинатулло Исмоилзода зимни мизи мудавваре, ки таҳти унвони «Нишастҳои матбуотӣ: муаммо ва пешомадҳо» дар факултети журналистикаи ДМТ бо иштироки устодони факултети рӯзноманигорӣ ва донишҷӯён баргузор гардид.
Сангин Гулов, мудири кафедраи журналистикаи байналхалқии факултети журналистикаи ДМТ зикр дошт, ки нишастҳои матбуотие, ки имрӯз дар ҶТ бо амри Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат мегиранд, пеш ҳама, бозгӯи нақши расонаҳо дар фазои иттилоотии Тоҷикистон ҳастанд. Яъне, онҳо бояд боло рафтани нақши ВАО-ро нишон диҳанд. Аз тарафи дигар тавассути нишастҳои матбуотӣ хабарнигорон бо иттилои дуруст ва расмӣ аз забони шахсони аввал таъмин мегарданд, ки эътимоди ҷомеаро ба ВАО мустаҳкам месозад.
Инчунин Ҷовид Муқим, устоди факултети журналистика дар бастагӣ ба нишастҳои матбуотӣ чунин пешниҳодҳо кард:
1) Нишастҳои матбуотӣ мисли пештара дар 3 моҳ як маротиба гузаронида шаванд;
2) Иштироки роҳбари аввал бояд ҳатмӣ бошад;
3) Варақаҳои матбуотӣ бояд пештар ба журналистон пешниҳод шаванд.
4) Роҳбарон дар нишасти матбуотӣ ҳисоботашонро нахонда, танҳо ба суолҳои хабарнигорон посух гӯянд.
5) Иштирок барои журналистони ҳам давлатӣ ва ҳам хусусӣ бояд озод бошад.
Ёдовар мешавем, ки имрӯз дар факултети журналистикаи ДМТ бо иштироки устодон, рӯзноманигорон ва донишҷӯён мизи мудаввар дар мавзӯи «Нишастҳои матбуотӣ; муаммо ва пешомадҳо» баргузор гардид, ки дар он ҳозирин эрод ва пешниҳодҳои худро вобаста ба мавзӯи мазкур иброз доштанд.








То 4 сентябр дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра Тоҷикистон ба дастовардҳои рушди устувор ноил гардид
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад






