Дониш андар дил чароғи равшан аст…
Душанбе, 22.02.2016. (АМИТ «Ховар»). — Ҷавонони гурӯҳи «Пешоҳанг» дар якҷоягӣ бо кормандони Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 79-и ноҳияи Шоҳмансури пойтахт бо мактаббачагон вохӯрӣ доир намуданд.
Дар вохӯрӣ ҷавонони фаъоли гурӯҳи «Пешоҳанг» Муҳсин Муродзода, Рамзёр Раҳмонов ва Дилшод Умаров ба хонандагон муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ ва амалу кирдорҳои номатлубро баён намуданд.
Зикр гардид, ки мактаббачагон бояд аз ҳаргуна амалу кирдори номатлуб дурӣ ҷуста, танҳо дар пайи омӯхтани илму маърифат, забонҳои хориҷӣ, технологияи муосир бошанд ва ба варзиш машғул шаванд. Вақти пурсамари худро ба корҳои беҳуда сарф накарда, барои андӯхтани илму дониш саъю кӯшиш намоянд.
Дар хотимаи вохӯрӣ мактаббачагон дар васфи Ватан шеърҳо қироат карданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






