Духтарчаи дар сӯхтор ҳалокшуда шаҳрванди Тоҷикистон набудааст
Душанбе, 15.02.2016. (АМИТ «Ховар»). -Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия оид ба муҳоҷират хабар медиҳад, ки духтарчаи дар натиҷаи сӯхтори як хонаи хусусӣ дар кӯчаи Декабристони деҳоти Розаи шаҳри Коркинои вилояти Челябинск ҳалокгардида, шаҳрванди Тоҷикистон нест.
Тавре ки намояндагӣ муайян кард, духтарчаи ҳалокгардида шаҳрванди Ҷумҳурии Ӯзбекистон мебошад.
Дар робита ба марги духтарча Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия оид ба муҳоҷират ба хешовандону пайвандони духтарчаи ҳалокшуда изҳори тасаллият мекунад.
Хотиррасон мекунем, ки пештар дар баъзе ВАО хабар интишор шуда буд, ки гӯё духтарчаи ҳалокшуда шаҳрванди Тоҷикистон аст.








Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






