Эълони 190 рӯзи ободонӣ дар шаҳри Қурғонтеппа

Февраль 9, 2016 16:39

Душанбе, 09.02.2016. (АМИТ «Ховар»).- Барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори раиси шаҳри Қурғонтеппа дар бораи эълон намудани «190 рӯзи ободонӣ дар шаҳри Қурғонтеппа» ба тавсиб расид. Тибқи қарори мазкур нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр дар бораи самаранок истифода бурдани рӯзҳои ободонӣ дар шаҳр бо назардошти сафарбар намудани ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр, новобаста аз шакли моликият ва сохтори ҳуқуқӣ, тасдиқ гардида, бахшҳо ва шуъбаҳои дахлдори дастгоҳи раиси шаҳр ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Қурғонтеппа дар якҷоягӣ бо дигар кумитаю идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳо ва раисони кумитаҳои маҳаллаҳо вазифадор гардиданд, ки шанбегиҳои умумишаҳриро мунтазам ба роҳ монда, аз натиҷаи корҳои иҷрогардида ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр маълумот пешниҳод намоянд.

Февраль 9, 2016 16:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд