Фиреби истеъмолкунандагон
Душанбе, 13.02.2016. (АМИТ “Ховар”). — Рӯзи 12 феврали соли 2016 зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия сокини 21-солаи ноҳияи Данғараро барои фиреби истеъмолкунандагон дастгир намуданд. Муайян карда шуд, ки гумонбаршуда аз моҳи октябри соли 2015 то моҳи январи соли 2016 аз ҶСП “Хуаксин Ғаюр Семент”, воқеъ дар ноҳияи Ёвон семент харида, онҳоро дар анборхонае, воқеъ дар ш. Душанбе, бо хокаи ба семент монанд омехта карда, дар дӯкони масолеҳи сохтмонӣ, воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ ба шаҳрвандон фурӯхтааст.
Дар маҷмӯъ 342 халта сементи бесифати фурӯхташуда маблағи 13 ҳазору 338 сомониро ташкил додааст.
Нисбат ба гумонбаршуда корҳои тафтишотӣ идома доранд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






