Гирифторони бемории нашъамандӣ дар ҷумҳурӣ 7313 нафарро ташкил доданд
Душанбе, 26.02.2016 (АМИТ «Ховар»).- «Аз соли 1994 инҷониб аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии Тоҷикистон беш аз 113 тонна маводи мухаддир, аз ҷумла 34 тонна героин мусодира шудааст, ки ин метавонист наздик ба 50 миллион нафарро гирифтори бемории нашъамандӣ намояд»,- гуфт директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерхон Салимзода зимни ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии суиистифодаи маводи нашъаовар, ки имрӯз дар Агентии назорати маводи нашъаовар баргузор гардид.
Ба иттилои Шерхон Салимзода то 31-уми декабри соли 2015 дар қайди диспансери наркологӣ 7313 гирифтори бемории нашъамандӣ ба қайд гирифта шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,5 фоиз ё ин ки 34 нафар зиёд мебошад.
Ба гуфтаи ӯ, аз теъдоди умумии гирифторони бемории нашъамандӣ 189 нафарро занон ташкил медиҳанд ва теъдоди зиёди нашъамандон дар шаҳри Душанбе ба қайд гирифта шудаанд.








Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






