Гурӯҳи кории ҳукуматӣ аз водии Бартанг дидан намуд

Февраль 26, 2016 14:27

Душанбе, 26.02.2016. (АМИТ «Ховар»). -Тибқи супориши Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати вазири нақлиёти ҶТ, муовини вазири энергетика ва захираҳои оби ҶТ ва муовини раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ аз водии Бартанги ВМКБ дидан намуданд. Ҳамчунин дар ҳайати гурӯҳи корӣ намояндагони давлати Арабистони Саудӣ низ шомил буда, ҳадаф аз ин сафар ба водии дурдасти вилоят бори дигар шиносоӣ пайдо намудан бо вазъи зиндагии мардуми аз офати табиӣ зарардида мебошад. Гурӯҳи кории ҳукуматӣ нахуст аз пули нақлиётии ҷамоати деҳоти Басид, ки 10 км аз маркази ноҳияи Рӯшон дуртар воқеъ аст, дидан намуданд. Пули мазкур ҳоло баъди заминҷунбии 7 декабр дар ҳолати садамавӣ қарор дорад. Ҳамзамон намояндагони маркази хайриявии Шоҳ Салмон бо вазири нақлиёти мамлакат бобати теъдоди умумии сокинон дар ин водӣ, ҳаракати нақлиёт дар як рӯз аз тариқи роҳи ин водӣ, шароити иқлим ва дигар ҷанбаҳои муҳим суҳбат карданд.
Зимни таҳлили шароити мавҷуда зикр гардид ки ҳоло барои интиқоли масолехи сохтмонӣ ба ҷамоатҳои болоии водии Бартанг, ки зимни офати табиӣ сокинони он хисороти зиёд дидаанд, тангии роҳҳо ва пулҳои харобгардида имконият ва шароити даркорӣ мавҷуд нест. Гурӯҳи кории Ҳукумати мамлакат бо роҳбарияти вилоят аз мавзеи офатзадаи ноҳияи Шуғнон низ дидан намуда, мутахассисони Арабистони Саудиро бо қитъаи роҳи нақлиётие, ки баъди фаромадани сел дар деҳаи Барсем сохта шуда буд ва дигар мушкилоти мавҷуда шинос намуданд.
Аз сабаби мушкилгузар ва аз лиҳози офати табиӣ — сангчарху тармафуроӣ хатарнок будани ин қитъаи роҳ барои мутахассисони Арабистони Саудӣ се нақшаи лоиҳаи беҳдошти роҳ пешбинӣ гардид, ки яке кандани нақб дар масофаи 800 метр, дигаре васеъ ва дутарафа бетонпӯш намудани роҳи мавҷуда ва сеюм аз соҳили чапи дарёи Ғунд бунёд намудани роҳи нав буд.
Зикр гардид, ки муосиргардонии ин қитъаи шоҳроҳ, ки Тоҷикистонро бо Чин мепайвандад, басо муҳим мебошад. Бо назардошти шароити кӯҳистон, офатҳои табиӣ ва дар ин маврид хароҷоти камтар — аз ҷониби вазири нақлиёти мамлакат ва гурӯҳи намояндагон ба нақшаи бунёди нақби 800 метра афзалияти бештар дода шуд. Дар шаҳри Хоруғ гурӯҳи кории ҳукуматӣ ва ҳайати меҳмонон бо лоиҳаи бунёди неругоҳи барқӣ-обии Себзор, ки дар ноҳияи Роштқалъа сохта мешавад, шинос гардиданд. Барои мутахассисони Арабистони Саудӣ ду роҳи бунёди ин неругоҳ муаррифӣ гардид. Гуфта шуд, ки тавоноии ин неругоҳ 10 мегаватт буда, дар оянда барои бунёди коргоҳҳову корхонаҳо мусоидат мекунад.

Февраль 26, 2016 14:27

Хабарҳои дигари ин бахш

ПЕШГӮИИ ОБУҲАВОШИНОСОН. Моҳи май ҳаво гарм ва сербориш мешавад
НАМУНАИ ВАТАНДӮСТӢ. Дар ҳама ҳолат бояд манфиатҳои миллат ва Ватанамонро ҳимоят карда тавонем
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Изҳороти Шурои сиёсии Ҳизби демократи Тоҷикистон
Дар шаҳрҳои Исфара ва Конибодом ба иштирокчиёни ҷанги солҳои 1941-1945 кумакпулии яквақта расонида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
11 май Анҷумани ғайринавбатии Ҳизби демократии Тоҷикистон баргузор мегардад
Кормандони Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ бо медалҳои ҷашнӣ сарфароз шуданд
НОМ ДАР ХАРИТА. Чӣ тавр дар Тоҷикистон «устодони алоқа»-ро қадрдонӣ менамоянд
«РАДИО МАКТАБИ БУЗУРГ АСТ…». Имрӯз Рӯзи ҷаҳонии ихтирои радио ва кормандони соҳаи алоқа мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 30 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Восеъ 19 ҳазору 540 нафақагир сабти ном шудаанд