Хатлон: Лоиҳа оид ба саломатӣ ва ғизо амалӣ мегардад
Душанбе, 11.02.2016 (АМИТ «Ховар»).- Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) лоиҳаи навро оид ба саломатӣ ва ғизо дар қисмати ғарбии вилояти Хатлон муаррифӣ намуд.
Лоиҳа оид ба саломатӣ ва ғизо ба баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ дар сатҳи оила, ҷамоат, дармонгоҳ ва кишвар, беҳтар намудани вазъи саломатии модару кӯдак, бахусус дар самти беҳбуди ғизо, тозагии санитарӣ ва беҳдоштии онҳо мусоидат намуда, фаъолияти он дар самти дастгирии хоҷагиҳои хурди деҳқонӣ, бахусус бо иштироки занон равона шудааст.
Лоиҳаи мазкур, ки аз ҷониби USAID ба мeҳлати панҷ сол маблағгузорӣ мегардад, имкониятҳои кормандони тиббро дар бахши ҳифзи саломатии модару кӯдак фароҳам оварда, ба ҷамоатҳо тавассути мураб,иёни ҷамъиятии соҳаи тандурустӣ ва кумитаҳои рушди деҳот дар сайқал додани донишу малака оид ба нигаҳдории маводи ғизоӣ, тақсими буҷаи оила, коркарди заминҳои наздиҳавлигӣ ва асосҳои беҳдошти шахсӣ, дар арзёбӣ ва такмили сиёсати миллӣ дар самти ҳифзи саломатии модару кӯдак мусоидат хоҳад кард.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






