Ховалинг: 53 хатмкунанда ба мактабҳои олии хориҷи кишвар дохил шуд

Февраль 6, 2016 09:16

Душанбе, 06.02.2016. (АМИТ «Ховар»).- Дар соли гузашта 114 нафар хонандаи муассисаҳои таълимии ноҳия  дар озмунҳои вилоятию ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, сазовори 21 медали тилло, 38 нуқра ва 55  биринҷӣ гардида, 378 нафар хатмкунандаи муассисаҳои таълимии ноҳия сазовори номи донишҷӯ шуданд, ки аз ин шумора 53 нафарашон ба мактабҳои олии хориҷи кишвар шомил шуданд. Барномаи компютеркунонии муассисаҳои таълимӣ  дар ноҳия 105% иҷро гардида,   масъалаи бунёду таҷдид ва таъмиру нигоҳдории муассисаҳои таълимӣ бо истифода аз имконоти молиявии дохилӣ ва ҷалби сармоягузорони ватанию хориҷӣ дар мадди назари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қарор дорад — иттилоъ дод Нурулло Мирзозода,  раиси ноҳияи Ховалинг зимни нишасти матбуотӣ.

— Дар соли сипаригардида сохтмони бинои муассисаи таълимӣ барои 280 хонанда (1,6 миллион сомонӣ), мактаби ибтидоӣ (45 ҳазор сомонӣ) ва 4 синфхонаи иловагӣ барои 75 хонанда (130 ҳазор сомонӣ)   мавриди  истифода қарор гирифтанд,- зикр гардид дар  нишасти матбуотӣ.

 

 

 

Февраль 6, 2016 09:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд