Хуҷанд: Бунёди 29 майдончаи варзишӣ
Душанбе, 06.02.2016. (АМИТ «Ховар»).- Дар асоси нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бахшида ба 25- солагии ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли равон дар маркази вилоят зиёда аз 29 майдончаи варзишӣ дар маҳаллаҳои шаҳр мавриди истифода қарор мегиранд. Ҳафтаи равон корҳои омодагӣ ва ҳамвор намудани мавзеи яке аз ин майдончаҳои варзишӣ дар маҳаллаи «Дӯстии халқҳо» оғоз гардид.
Майдончаи варзишӣ байни биноҳои баландошёнаи истиқоматии № 40, 40 «а», 39, 6, 6 «а», 18, 5, бунёд ёфта, сохтмони онро Идораи сохтмони асосии шаҳри Хуҷанд ба зимма дорад. Лозим ба ёддоварист, ки дар биноҳои номбурда бештар аз якуним ҳазор сокинон истиқомат дошта, майдончаи мазкур барои тарғиби бошандагони ин маҳал ба тарзи ҳаёти солим имконияти хуб фароҳам хоҳад овард. Назар ба маълумоти масъулини Идораи хоҷагию манзилии соҳили рости шаҳр, майдончаи мазкур дар арафаи таҷлили рӯзҳои Наврӯз ба истифода дода хоҳад шуд.








Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






