Хуҷанд: Омодагӣ ба ҷашни Қувваҳои Мусаллаҳ
Хуҷанд, 19.02.2016 (АМИТ «Ховар»).- Бо мақсади инъикоси саҳми босазои Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ дар ҳифзи сулҳу суботи кишвар, Истиқлолият ва якпорчагии давлат 23-юми феврал 23-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миқёси вилояти Суғд бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мешавад.
Тибқи қарори раиси вилояти Суғд мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо вазифадор мешаванд, ки ба муносибати 23-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ободонии ёдгориҳо ва муҷассамаҳои ба хотири шаҳидон гузошташуда, оромгоҳи сарбозон ва афсарони фавтида, дастгирии моддию маънавии иштирокдорон ва маъбони ҶДҶ, ҷанговарони байналмилалӣ, ҳимоятгарони сохти конститутсионӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, чорабиниҳои фарҳангию маърифатӣ баргузор намоянд.








Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






