Хуҷанд: Вусъати корҳои ободонӣ
Душанбе, 22.02.2016 (АМИТ «Ховар»).-Дар шаҳри Хуҷанд корҳои ободонию сабзазоркунӣ бахшида ба истиқболи 25-солагии ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълони «300 рӯзи ободонӣ» бо маром вусъат мегирад ва баргузории намоиш-фурӯши гулу растанӣ, буттаҳои ороишӣ, ниҳолу дарахтони сояафкан ва мевадиҳанда ба ҳукми анъана даромадааст. Ҳафтаи гузашта дар майдони назди Театри мазҳакавӣ- мусиқии ба номи К. Хуҷандии шаҳр намоиш-фурӯши гулу ниҳол баргузор гардид.
Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода аз ин намоиш-фурӯш дидан намуда, бо кормандони соҳаи гулпарвариву деҳқонон ва мутахассисон-агротехнологҳо, ки аз тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят ҷамъ омада буданд, суҳбат намуданд.
Бо истифода аз имконият наздики 20 ҳазор шаҳрванд, кормандони ташкилоту муассисаҳои мухталиф ва ҷавонону варзишгарон, ки дар шанбегии умумишаҳрӣ иштирок доштанд, ҳамчунин дар маъракаи гулу ниҳолшинонӣ ширкат намуда, саҳми худро барои сабзу хуррам гардонидани шаҳр гузоштанд.
Сокинон аз намоиш-фурӯши гулу ниҳол беш аз 10 ҳазор дарахти мевадор харида, дар манзилу коргоҳҳои худ шинонданд.
Дар баробари ин аз ҷониби кормандони идораю ташкилот ва коргоҳҳои зертобеи Сарраёсати ободонӣ, хоҷагию манзилӣ ва коммуналии шаҳр наздик 2 ҳазор ниҳоли сояафкан ва беш аз 10 ҳазор қаламчаю буттаи гули садбарг шинонданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






