Иқдоми созандаи «Созандагони ватан» барои ҳомиёни Ватан
Душанбе, 23.02.2016. (АМИТ «Ховар»). — Бо ташаббуси намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» ва дар ҳамкорӣ бо Литсейи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур мулоқоти аъзои фаъоли ташкилот дар ноҳия бо сарбозон доир шуд. Зимни чорабинӣ хизматҳои сарбозону афсарон қадршиносӣ гардида, миёни ҷавонон ва афсарону аскарони пешқадам чорабинии мухталифи фарҳангӣ ва варзишӣ доир гардиданд. Бозиҳои варзишӣ аз рўи намудҳои баскетбол, футбол, турниккашӣ ва давидан ба масофаи 100 метр гузаронида шуданд.
Дар ҷамъбасти мусобиқаҳо ғолибон бо ифтихорномаҳои қисми ҳарбӣ ва туҳфаҳои ТҶҶ «Созандагони Ватан» қадрдонӣ шуданд.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






