Идомаи мубориза барои ҷоми ФФТ-2016
Душанбе, 17.02.2016 (АМИТ «Ховар»).- Дар варзишгоҳҳои марказии Қумсангир ва Фархор бозиҳои марҳилаи пешакии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон -2016 дар минтақаи Хатлон идома доранд. Дар мусобиқа даҳ даста ба ду гурӯҳ — минтақаҳои Қурғонтеппа ва Кӯлоб тақсим шуда, иштирок менамоянд. Дар натиҷа ду даста соҳиби роҳхат ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми ФФТ мешавад. Марҳилаи ниҳоии мусобиқа аз 1 то 12 март дар Душанбе доир мегардад.
Дар даври якум «Коммуна»-и Фархор бар «Равшан»-и Кӯлоб бо ҳисоби 2:1, «Кӯлоб» бар «Ҳосилот»-и Фархор (2:0), «Вахш»-и Қурғонтеппа бар «Дӯстӣ»-и Қумсангир (3:0) пирӯз омада, «Саройкамар» (Панҷ) бо «Панҷшер» (Ҷ. Румӣ) мусовӣ — 1:1 бозӣ карданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






