«Ҳифозати забон-ҳифозати миллат аст»

Февраль 22, 2016 16:37

Душанбе, 22.02.2015. (АМИТ «Ховар»).- Дар Шўрои олимони Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Вазорати саноат ва технологияҳои нав бо ташаббуси кафедраи фарҳанги соҳибкорӣ ва забони факултети хизмати молиявӣ мизи мудаввар таҳти унвони «Ҳифозати забон-ҳифозати миллат» доир гардид, ки он ба Рўзи байналмилалии забон бахшида шуда буд.
Дар мизи мудаввар ректори донишкада, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Қодирзода Диловар, профессорону устодон ва донишҷўёни фаъол ширкат доштанд.
Муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳот Матробиён Саодатшоҳ зимни суханронӣ зикр карданд, ки: «Забон дар ҳама давру замон барои муаррифии миллат рукни муҳим ва муқаддас ба шумор рафта, поку беолоиш нигоҳ доштани он вазифаи ҳар як соҳибзабон ва шахси ватандӯст мебошад. Арҷ гузоштан ба забони давлатӣ ва риояи меъёрҳои он шароит фароҳам месозад, ки балоғат ва фасоҳати забон густариш ёбад, сохтори он такмил гардад ва қонунмандии рушди забони давлатӣ тақвият ёфта, инкишофи бонизоми он таъмин шавад».
«Боиси хушҳолии зиёд аст, ки имрӯз бо забони адабии тоҷикӣ сухан гуфтан дар сартосари Тоҷикистони азиз ба ҳукми анъана даромада, мардум, бахусус наврасон ва ҷавонон кӯшиш карда доранд, ки қонунмандии меъёрҳои забони адабиро ба инобат гирифта, сухангӯю сухандон бошанд»,- илова намуд сарходими илмии Пажуҳишгоҳи забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии АИ ҶТ, доктори илмҳои филологӣ Абдуғаффор Ҷўраев.
Дар мизи мудаввар инчунин дар мавзӯҳои «Вазъи имрўзаи забони адабии тоҷик ва шартҳои риоя намудани меъёрҳои он» ва «Истифодаи бамавриди калимаҳои шевагӣ-омили ташаккули забони адабии тоҷик» муҳокима шуданд.
Ноиби ректори донишкада оид ба корҳои таълим, доктори илмҳои иқтисодӣ Самариддин Низомов афзуд, ки забони тоҷикӣ имрӯз ба забони илму фарҳанг табдил ёфта, чорабиниҳои илмӣ бо забони давлатӣ сурат мегиранд, олимони мо асарҳо ва мақолаҳояшонро бо риояи меъёрҳои забони адабии тоҷикӣ таҳия карда, ҷиҳати инкишофи забон сайъу кӯшиши зиёд менамоянд.
Якдилӣ ва якмаромии намояндагони илмҳои мухталиф дар ин мизи мудаввар боиси рангинтар ва ҷаззобтар гардидани фаъолияти ин маъракаи илмӣ гардид.

Февраль 22, 2016 16:37

Хабарҳои дигари ин бахш

«ШОҲИ ТАОМҲО». Фестивали «Оши палав» ва Намоиш-фурӯши шолӣ ва биринҷ бо шукӯҳу шаҳомати хос доир гардид
«ОМАД ХУҶАСТА МЕҲРГОН, ҶАШНИ БУЗУРГИ ХУСРАВОН!». Дар Душанбе Иди Меҳргон таҷлил гардид
Президенти Тоҷикистон: «Меҳргон бояд ба омили рушди фарҳанг, сайёҳӣ ва иқтисоди миллӣ табдил дода шавад»
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Форуми байналмилалии «Ҳамкории муштараки киносозону продюсерон» ва нишасти матбуотӣ баргузор гардид
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг доир шуд
Иштирокдорони Анҷумани сеюми забоншиносони ҷаҳон бо осори таърихию фарҳангии Осорхонаи миллии Тоҷикистон шинос шуданд
Пагоҳ дар Тоҷикистон Иди Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон оғоз гардиданд
ИМРӮЗ–РӮЗИ КИНОИ ТОҶИК. Аз соли 1991 то соли 2025 дар маҷмуъ 313 филм ба навор гирифта шудааст
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». 16 октябр Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг баргузор мегардад
ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ҶАШНВОРАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ЭЪТИРОФ ВА ҚАДРДОНӢ МЕШАВАНД. Эҳдо ба Рӯзи кинои тоҷик