Ифтитоҳи Лоиҳаи маблағгузории мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон

Февраль 2, 2016 16:07

Душанбе, 02.02.2016. (АМИТ «Ховар»).- Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) пагоҳ, 3 феврал маросими ифтитоҳи расмии Лоиҳаи маблағгузории мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлимро дар Тоҷикистон CLIMADAPT баргузор менамояд. Маросим дар ҳамкорӣ бо барномаи озмоишӣ барои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлими Бунёди сармоягузории иқлимӣ дар меҳмонхонаи «Серена» дар шаҳри Душанбе доир хоҳад гардид.
Лоиҳа барои дастгирии оилаҳои тоҷик, соҳибкорон ва кишоварзон барои мубориза бо таъсири тағйирёбии иқлим ва дастгирии гузаштани кишвар ба иқтисодиёти «сабз»равона гаштааст.
Дар назар аст, ки дар чорабинӣ намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, БАТР, намояндагони муассисаҳои молиявӣ ва ташкилоти ғайридавлатӣ иштирок намоянд.

Февраль 2, 2016 16:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст