Ифтитоҳи Маркази муҳоҷирати гуногунсоҳа дар Маскав
Душанбе, 02.02.2016 (АМИТ «Ховар»). -Роҳбари намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Зоҳир Мирзоев дар маросими ифтитоҳи расмии Маркази муҳоҷирати гуногунсоҳа дар шаҳри Маскав иштирок намуд. Бино ба иттилои намояндагӣ, маркази муҳоҷират дар назди деҳаи Сахарово ҷойгир буда, яке аз бузургтарин марказҳо дар саросари Русия маҳсуб мешавад. Дар марказ шаҳрвандони хориҷӣ бо усули «равзанаи ягона» метавонанд ҳамаи ҳуҷҷатҳои лозимиро барои гирифтани шаҳодатномаи меҳнатӣ ба расмият дароранд. Барои гирифтани дафтарчаи меҳнатӣ бо худ доштани шиноснома ва варақаи муҳоҷирӣ бо мақсади «кор» кифоя мебошад.
Дар маросими ифтитоҳ ҳамчунин раиси шаҳри Маскав Сергей Собянин, раиси Хадамоти муҳоҷирати Русия Константин Ромодановский ва роҳбари Маркази бисёрсоҳавии муҳоҷират Николай Федосеев иштирок доштанд.
З. Мирзоев бо тартиби азназаргузаронӣ ва озмоиши тиббии муҳоҷирон шинос шуд. Бояд зикр кард, ки марказ бо таҷҳизоти муосири тиббӣ, аз ҷумла бо дастгоҳи рентгенӣ муҷаҳҳаз шудааст. Ҳамчунин роҳбари намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия аз синфхонаҳои омодасозии муҳоҷирон барои супоридани имтиҳонҳо дидан карда, бо муаллимон ва санҷишгарон суҳбат орост. Ҳамчунин дар ҳудуди марказ барои муҳоҷирони меҳнатие, ки ба манзил ниёз доранд, меҳмонхона бо тамоми шароит пешбинӣ шудааст.








Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






