Ин Ватанро мо ҷавонон сабзу хуррам мекунем!
Душанбе, 19.02.2016. (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Амалиёти ҷумҳуриявии ҷавонон таҳти унвони «Ин Ватанро мо ҷавонон сабзу хуррам мекунем!» дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ ҳашари ниҳолшинонӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ кормандони дастгоҳи марказии кумита, намояндагони ташкилоти низоми варзиш, ҷавонон, донишҷӯён ва варзишгарон иштирок намуда, бештар аз 500 бех ниҳоли сояафкану ороишӣ шинониданд.
Дар ниҳолшинонӣ масъулин таъкид доштанд, ки мақсад аз баргузории ҳашар сабзазор намудани муҳити атроф ва боз ҳам ободу зебо гардонидани кишвар мебошад.
Лозим ба ёдоварист, ки Амалиёти ҷумҳуриявии ҷавонон таҳти унвони «Ин Ватанро мо ҷавонон сабзу хуррам мекунем!» аз ҷониби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бо мақсади ободу зебо гардонидани боғу гулгаштҳо аз 16 декабри соли 2015 ағоз гардида, то 1 марти соли 2016 идома меёбад.








Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






