Ҷиргатол: Тавзеҳи Паёми Пешвои миллат дар байни аҳолӣ
Душанбе. 18.02.2015. (АМИТ «Ховар»).-Дирӯз дар бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷиргатол вохӯрии ду гурӯҳи таблиғотию фаҳмондадиҳӣ оид ба Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ва тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, яке бо сардории директори Агентии хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумахон Давлатов ва намояндагон- мудири кафедраи ҳуқуқшиносии ДМТ Изатулло Маҳмудов, дотсенти кафедраи ҳуқуқи байналмилалии факултети ҳуқуқшиносии ДМТ Файзалӣ Идиев ва дуюмӣ бо сардории мудири бахши Раёсати мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Алишер Абдуллозода, сардори шуъбаи Маркази исломшиносӣ Зиёвиддин Шоев, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимҷон Cафаров ва роҳбарони ҳифзи ҳуқуқи ноҳияю кормандони Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳия бо фаъолону ҷавонони ноҳия баргузор гардид.
Дар ҷамъомади мазкур намояндагони гурӯҳҳои корӣ оид ба Паёми навбатии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ва тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан гуфтанд.
Ҷумахон Давлатов ва устодони ДМТ сабабҳои ворид намудани тағйиру иловаҳоро ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳ дода, сокинони ноҳияро барои иштирок дар раъйпурсии умумихалқӣ даъват намуданд.
Дар вохӯрӣ Алишер Абдуллозода доир ба муҳтавои Паёми навбатии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ва самтҳои асосии он оид ба ҳифзи амнияти миллӣ, ришваситонӣ, ҷалб гардидани ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба гурӯҳҳои ифротӣ шомил нагардидани ҷавонон суҳбат намуд.
Намояндагони гурӯҳҳои таблиғотию ташвиқотӣ дар якҷоягӣ бо роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва кормандони мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳия дар 10 ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳия чунин вохӯриҳоро бо мардум мегузаронанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






