Исфара: маҳфили ёдбуди ҷанговарони интернатсионалист
Исфара, 18.02.2016. (АМИТ “Ховар”).-Бахшида ба 27-умин солгарди баровардани аскарони шӯравӣ аз марзи Афғонистон дар шаҳри Исфара чорабинии поси хотир доир гашт. Тавре ки ба АМИТ “Ховар” роҳбари маркази матбуотии раиси шаҳри Исфара Иқбол Тешаев хабар дод, бо иштироки раиси шаҳр 316 нафар собиқадорони ҷанги Афғонистон ва аҳли ҷомеа ба пояи муҷассамаи ҷанговарони байналмилалӣ гулчамбар гузоштанд.
Раиси шаҳр Расулзода Дилшод баён дошт, ки он солҳо дар радифи ҳазорҳо нафар фиристодагони Тоҷикистон 350 тан ҷавонони шуҷои Исфарамарз низ дар хоки Афғонистон адои хизмати ҳарбӣ намудаанд, ки аз ин шумора 12 нафар ҷавонмардон қаҳрамонона шаҳид ва 17 нафар маъюб гаштанд. Дар ин радиф барои шуҷоату комёбиҳои ҷангӣ ва хизмати шоён дар набардҳои Афғонистон 11 нафари онон бо ордени «Ситораи сурх» ва 67 нафар бо медалҳои арзишманди ҷангӣ сарфароз гардиданд.
Ҳамчунин бо ибтикори мақомоти шаҳрӣ аҳли оилаи 53 нафар собиқадор аёдат шуда, ба онҳо кумаки моддии аввалия дастрас карда шуд.








Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






