«Истилоҳоти забони тоҷикӣ: таърих, гароиш ва дурнамо»
Душанбе, 11.02.2016 (АМИТ «Ховар»).-Дирӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баррасии китобҳои забоншиноси тоҷик Сайфиддин Назарзода доир гардид. Зимни баррасӣ доктори илмҳои филология Шамсиддин Солеҳов китоби «Истилоҳоти забони тоҷикӣ: таърих, гароиш ва дурнамо»-ро муаррифӣ намуда, саҳми муаллифро дар истилоҳшиносии забони тоҷикӣ бағоят калон донист.
Ин китоб ба истилоҳоти забони тоҷикӣ ва таърихи ташаккулу дурнамои густариши он бахшида шудааст. Дар китоб дар намунаи истилоҳоти иҷтимоӣ ва сиёсии забони тоҷикӣ таърихи густариши истилоҳоти забон аз оғози пайдоиши асарҳои илмиву бадеӣ ба забони модарии мо бо марҳилабандии давраҳои таърихии ташаккули истилоҳот ва овардани намунаҳо аз осори гузаштагон ва давраи муосири инкишофи забони мо нишон дода шудааст.
Китоб барои донишмандон, мутахассисон, донишҷӯён ва оммаи васеи хонандагону дӯстдорони забони ноби модарии мо пешбинӣ шудааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






