Кӯлоб: Донишгоҳро 52 нафар бо дипломи аъло хатм кард
Душанбе, 05.02.2016. (АМИТ «Ховар»).-Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бо иштироки ҳайати устодону кормандон ва намояндагони васоити ахбори омма нишасти матбуотӣ доир гардид. Ректори донишгоҳ, профессор Абдулло Ҳабибулло зикр намуд, ки дар донишгоҳ 446 омӯзгор фаъолият менамояд, ки аз онҳо 19 доктори илм, 19 профессор, 59 номзади илм ва як нафар академики АМ ФР ва Арбоби илму техникаи ҶТ мебошанд. Дар соли 2015 донишгоҳро 659 донишҷӯ аз тариқи буҷавӣ хатм намуда, 52 нафар соҳиби дипломи аъло гардидаанд. Аз 659 хатмкарда то ба имрӯз 469 нафар тибқи роҳхат ба ҷои кор ҳозир шудаанд.
Дар нишасти матбуотӣ ректор Абдулло Ҳабибулло ҳамчунин зикр намуд, ки раванди таълим дар донишгоҳ ба тарзи низоми кредитии таълим ҷараён дорад ва дар ин самт ба пешравиҳо ноил гардидем. Аз тарафи дигар барои расидан ба ормонҳои олӣ тасмим гирифтаем, ки принсипи қатъии риояи интизоми таҳсил ва назорати сифати азхудкунии дарсҳоро, ки мутаассифона, чун дар аксарияти таълимгоҳҳо дар донишгоҳи мо ҳам ислоҳталаб аст, ба роҳ монем.








Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






