Кӯлоб: Семинари машваратӣ доир ба пешгирии ифротгароӣ
Кӯлоб, 23.02.2016 (АМИТ «Ховар»).- Дар шаҳри Кӯлоб бо ибтикори Раёсати Кумитаи амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ доир ба шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ дар партави Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон семинари илмӣ — амалӣ таҳти унвони «Пешгирӣ аз тероризму ифротгароӣ ҳушёрии ҷомеаро талаб мекунад» баргузор гардид.
Исмоил Пирмуҳаммадзода, сархатиби масҷиди ҷомеаи Ҳисор гуфт, ки яке аз сабабҳои иштироки ҷавонони мо дар ҳаракату гурӯҳҳои ифротии динӣ, аз ҷумла дар даргириҳои хунини Ховари Наздик, ноогоҳии онҳо аз моҳияти ҳақиқии дин аст. Терроризму ифротгароӣ имрӯз мардуми тамоми сайёраро ба ҷунбиш овардаанд ва ҳар як давлат муваззаф аст, ки барои пешгирӣ аз пайомадҳои ин зуҳуроти нангини аср тадбирҳои мушаххасу муассир андешад.
Дар анҷоми семинар иштирокдорон амалҳои муғризонаи гурӯҳҳои террористиро маҳкум намуда, иброз доштанд, ки ҳеҷ гоҳ намегузоранд гурӯҳҳои ғаразноку манфиатҷӯ сулҳу субот ва фазои озоду ободи кишварро халалдор созанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






