Конфронси илмӣ- амалӣ ба хотираи Нисормуҳаммад Юсуфзиё
Душанбе, 29.02.2016 (АМИТ «Ховар»).- 2-юми март дар Мактаби байналмилалии Президентӣ бахшида ба 120-солагии зодрӯзи арбоби намоёни сиёсӣ ва давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нисормуҳаммад Юсуфзиё конфронси ҷумҳуриявии илмӣ- амалӣ баргузор мегардад.
Дар конфронс Ирина Каримова, ноиби президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон иштирок намуда, Беҳрӯз Неъматов, ассистенти кафедраи таърихнигорӣ ва архившиносии факултаи таърихи ДМТ дар мавзӯи «Ҳаёт ва фаъолияти кории Нисормуҳаммад Юсуфзиё» , Фозил Абдурашидов, сарходими Институти таърих дар мавзӯи «Нақши Нисормуҳаммад Юсуфзиё дар таъсиси ҶШС Тоҷикистон», Бахтовар Темирзода, корманди Осорхонаи миллии Тоҷикистон доир ба «Исботи ҳастии маънавии тоҷикон дар осори Нисормуҳаммад Юсуфзиё» ва дигарон маърӯза мекунанд.
Бояд гуфт, ки Нисормуҳаммад Юсуфзиё, ходими намоёни давлатӣ, маорифчии шуълавари Осиёи Марказӣ буда, яке аз поягузорони маорифи кишвар мебошад. Саҳми ӯ дар ташкили аввалин мактабҳои умумии маҳви бесаводӣ ва ҷобаҷогузории кадрҳои миллӣ, чопи аввалин рӯзномаву маҷаллаҳо хеле назаррас аст.








Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд






