Конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ доир ба Паём дар ДДЗТ
Душанбе, 19.02.2016. (АМИТ «Ховар»). -Имрӯз, 19-ум феврал дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзўи «Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон — барномаи рушди босуботи ҷомеа» баргузор гардид.
Дар конфронс Ҷамшед Мирзохонзода, сардори Раёсати тафтиши парвандаҳои ҷиноии махсусан муҳими Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзўи «Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон — дастур барои мубориза бо терроризм ва экстремизм» сухан гуфт.
Ҳамчунин доктори илми фалсафа, профессор Муҳиба Маҳмадҷонова — мудири шуъбаи таърихи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи Баҳоваддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзўи «Шарҳу тафсири Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон» ва дигар устодону донишҷӯёни ДДЗТ маърўза карданд.
Бояд гуфт, ки дар ДДЗТ ба номи Сотим Улуғзода дар мувофиқа бо Паёми Пешвои миллат як силсила чорабиниҳо ба нақша гирифта шудааст. Донишкада иқдом гирифтааст, ки оид ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо устодану донишҷўён чорабиниҳо баргузор намояд.








Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






