Мақомоти Покистон 182 мадрасаро барои таблиғоти ифротӣ бастанд
Душанбе, 16.02.2016. (АМИТ «Ховар»). — «Мақомоти Покистон дар музофотҳои Панҷоб, Сидх ва Хайбар Пахтунхва мадрасаҳои ифротгароиро бастанд. Аксарияти аҳолии ин музофотҳоро паштунҳо ташкил дода, он ҷо «Толибон» нуфузи калон доранд». Дар ин бора агентии иттилоотии «REGNUM» хабар медиҳад.
Бино ба иттилои манбаъ, ҳукумати Покистон ҳамчунин 1026 ҳолати зуҳуроти ифротгароиро ба қайд гирифта, 230 гумонбарро дар фаъолияти террористӣ боздошт кардааст. 64 ташкилот мамнуъ шудаанд. Ҳамчунин фаъолияти бархе аз ташкилот мунтазам тафтиш шуда, аъзои онҳо зери назорати доимӣ қарор гирифтаанд.
Мақомот 1500 китоб ва дигар маводи чопиро ба хотири барангехтани адовати мазҳабӣ мусодира карда, ҳамчунин бар дари 73 мағоза мӯҳр задаанд.
Дар Покистони мусалмонӣ, ки дорои 200 миллион аҳолӣ мебошад, беш аз 2 миллион масеҳиён пайваста ба таъқиби доимӣ дучор мешаванд. Ифротгароён калисоҳои масеҳиёнро хароб карда, онҳоро бо аъзои оилаашон мекушанд. Онҳоро аз хона берун намуда, ҳатто ибодат кардану хондани Инҷилро манъ мекунанд.
Дар Покистон ҷиноятҳое, ки аксаран бар зидди масеҳиён содир мешаванд — ин рабудан ва таҷовузи занону духтарон, куштору лату кӯб ва инчунин ҳамла ва торумори ҷамоатҳои масеҳиёну деҳот мебошанд.








Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






