Маҳсулоти ҳунарҳои дастии Тоҷикистон дар намоишгоҳи маъруфи Ambiente
Душанбе, 11.02.2016 (АМИТ «Ховар»).- Маҳсулоти ҳунарҳои дастии Тоҷикистон дар намоишгоҳи маъруфи байналмилалии молҳои истеъмолӣ — Ambiente, ки аз 12-ум то 16-уми феврали соли ҷорӣ дар шаҳри Франкфурти Олмон баргузор мегардад, ба намоиш гузошта мешавад.
Шумораи иштирокдорони ин намоишгоҳ аз Тоҷикистон аз ду иштирокдори соли гузашта имсол ба чаҳор ширкату созмон расид. Иттиҳоди ҳунармандони Тоҷикистон, бахши ҳунармандии Иттиҳоди сайёҳии водии Зарафшон мавсум ба “Армуғон” ва ширкатҳои “Ҷаҳоннек” ва “Рухом“ бо мусоидати Маркази тиҷорати байналмилалӣ (МТБ) Тоҷикистонро дар муҳимтарин намоишгоҳи тиҷоратии молҳои истеъмолӣ дар ҷаҳон намояндагӣ мекунанд. Ин сафар аз ҷониби Ҳукумати Швейтсария дар чаҳорчӯбаи Барномаи ҳамкории тиҷоратӣ дар Тоҷикистон маблағгузорӣ мешавад.
Ҳамасола дар намоишгоҳи Ambiente 4700 ширкат қариб аз 90 кишвар, ва тақрибан 145 000 меҳмон аз 160 кишвари ҷаҳон иштирок мекунанд. Дар ҷараёни он чандин чорабиниҳои дигар гузаронида мешаванд, ки дар онҳо равандҳои тозатарини соҳаи саноат ба маъраз гузошта шуда, ҳамчунин имконияти барқарор кардани тамосҳои нав фароҳам меояд. Ширкаткунандагони намоишгоҳ аз навовариҳои корбурд дар мӯди тарроҳӣ ва равандҳои мӯдсозии бозор огоҳ мешаванд.
Габриэла Бёрде, мушовири байналмилалии МТБ доир ба тарроҳӣ ва бозорёбӣ мегӯяд: “Тоҷикистон дар ин намоишгоҳ омехтаи тарроҳии қадима бо мӯди ҳозиразамон, зардӯзиҳо бо нақшҳои миллӣ, кифҳо ва аксессуарҳо аз пӯст, маҳсулоти заргарии бо сангҳои нимақимматбаҳо ороёфта, шонаҳои чӯбин, пашми дастбофт ва маҳсулоти дигари дастиро ба намоиш мегузорад”.








То 4 сентябр дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра Тоҷикистон ба дастовардҳои рушди устувор ноил гардид
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад






