Машварати кории масъулони соҳаи маориф ва тандурустӣ дар Суғд
Душанбе, 24.02.2015. (АМИТ «Ховар»).-Имрӯзҳо дар миқёси вилояти Суғд вобаста ба ташреҳи Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои маърифатӣ- фаҳмондадиҳӣ доир гардида истодаанд, ки дар онҳо аз ҷониби гурӯҳҳои корӣ ба аҳли ҷомеа моҳияту зарурати ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни асосӣ фаҳмонида мешавад.
Аз ҷумла, дар Кохи Рӯдакии шаҳри Хуҷанд машварати вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Наврӯз Ҷаъфаров, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Убайдулло Азизов, муовини раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ бо сардорону мудирони шуъбаҳои маорифи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, ректорону устодони мактабҳои олӣ, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, миёнаи умумӣ ва касбӣ, роҳбарон ва кормандони муассисаҳои тиббии вилоят доир ба ташвиқу тарғиби Паём, фаҳмонидани бандҳои тағйиру иловаҳо ба Сарқонуни мамлакат баргузор гардид.
Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид муҳимтарин нуктаҳои Паёми Сарвари давлат вобаста ба соҳаи маорифро ёдовар шуда, вазъи татбиқи қарорҳои Ҳукумати кишвар ва барномаҳои давлатии соҳаи маорифро мавриди таҳлил қарор дод.
Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Наврӯз Ҷаъфаров дар бораи бахши ба соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бахшидашудаи Паём, таҳлили вазъи соҳа дар вилояти Суғд ва дурнамои соҳаи мазкур сухан кард.
Моҳияту мазмуни тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар идомаи чорабинӣ аз ҷониби доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Убайдулло Азизов шарҳ дода шуд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






