Машварати миллӣ оид ба услубҳои муосири муолиҷаи нашъамандӣ
Душанбе, 20.02.2016. (АМИТ «Ховар»).-Дар Душанбе машварати миллии дурӯза оид ба услубҳои муосири муолиҷаи нашъамандӣ бо иштироки наркологҳо, рӯҳшиносон, кормандони иҷтимоӣ ва кормандони ташкилоти ҷамъиятӣ аз ҷониби коршиносони Олмон ва Беларус гузаронида шуд
Семинар дар чаҳорчӯбаи марҳилаи шашуми Барномаи пешгирии паҳншавии маводи нашъаовар дар Осиёи Марказӣ (КАДАП-6 = CADAP-6) доир шуд. Ин барнома аз тарафи Иттиҳоди Аврупо (ИА) маблағгузорӣ ва аз тарафи Консорсиуми ташкилоти давлатҳои аъзои ИА амалӣ мешавад.
Барномаи «КАДАП-6» ин давоми сиёсату ҳамкории дарозмуҳлати ИА бо шарикони Осиёи Марказӣ барои мусоидат ва минбаъд тақвият додани сиёсати онҳо дар паст кардани талабот ба маводи нашъа мебошад.
Дар машварат дар бораи асосҳои гузаронидани ташхис ва муолиҷаи беморони нашъаманд, табобати онҳо бо дору, аз ҷумла муолиҷа бо маводи бетарёк дар ҳолатҳои хос (ҳомиладорӣ, дарди музмин, иллати ғайриасосии рӯҳу асаб ва вируси норасоии масунияти одам (ВИЧ)), ташвиқ ба парҳезу худдорӣ ва истифода аз доруҳои нави рӯҳафзо маълумот дода шуд.
Коршиносони ИА пешниҳод карданд, ки мутахассисони маҳаллии соҳаи табобати нашъаманд барои иштирок дар омӯзишҳои таълимӣ дар давраи аз 2016 то 2017 даъват шаванд. Омӯзишҳо аз тарафи коршиносони Олмон, Беларус ва Австрия гузаронида мешаванд. Пас аз хатми омӯзишҳо мутахассисони маҳаллӣ сертификатҳои Донишгоҳи фанҳои амалии Франкфуртро мегиранд.
Дар назар аст, ки пас аз гузаронидани курсҳои таълимӣ иштирокдорон чунин дарсҳои омӯзиширо барои ҳамкорони худ бобати беҳтар кардани стандартҳои муолиҷаи беморони нашъамандӣ гузаронанд.








Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






