Мастчоҳ: вусъати корҳои бунёдкорӣ ба истиқболи 60-солагии таъсиси ноҳия

Февраль 25, 2016 17:56

Мастчоҳ, 25.02.2016. (АМИТ “Ховар”).- Соли равон ба азхудкунии заминҳои Дилварзин ва таъсиси ноҳияи Мастчоҳ 60 сол пур мешавад. Дар ин замина дар ноҳия барои дар сатҳи баланд истиқбол намудани ҷашни мазкур, таҷлили Наврӯзи хуҷастапай ва 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагиву бунёдкорӣ бомаром ҷараён доранд. Дирӯз раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бо мақсади шиносоӣ бо раванди корҳои бунёдкорӣ ба ин ноҳия сафари корӣ анҷом дод. Тавре ки ба АМИТ “Ховар” масъулин аз мақомоти маҳаллии ноҳияи Мастчоҳ иттилоъ доданд, раиси вилоят бо лоиҳаи таъмиру таҷдиди кӯчаи марказии шаҳраки Бӯстон, ки 2,5 километрро ташкил медиҳад, шинос гардид.
Раиси вилоят таваҷҷуҳи мутасаддиёнро ба васеъкунии роҳравҳо ва сафолакбандии онҳо, чароғонкунӣ, сохтмони фаввораҳои рангин, насби нишастгоҳҳо дар атрофи фаввораҳо ва таъмири намуди зоҳирии биноҳои истиқоматии ду тарафи роҳҳо, ҳамчунин буридани дарахтони хушкшудаю тарҳашон номувофиқ ва ба ҷои онҳо шинонидани дарахтони сояафкану ороишӣ даъват намуд, зеро пиёда намудани лоиҳаи мазкур дар ояндаи наздик имкон медиҳад, то ноҳияи Мастчоҳ ба яке аз ноҳияҳои намунавӣ табдил ёбад. Ҳамчунин дар ин радиф корҳои ободониву созандагӣ дар боғи истироҳативу фароғатии ноҳия, ки солҳои тӯлонӣ дар вазъи ногувор буд, бо маром идома доранд. Зимни боздид аз боғи истироҳативу фароғатии ноҳия раиси вилоят ба масъулин дастур дод, ки таъмиру таҷдиди онро бо сифати баланд ба роҳ монанд.
Пеш аз ҳама, ба масъалаи сабзазоркунӣ ва чароғонкунии ҳудуди боғ бояд эътибори ҷиддӣ зоҳир намуд. Дар ҳудуди боғи маданият инчунин бунёди чойхонаи миллӣ ва меҳмонхона низ ба нақша гирифта шудааст.

Февраль 25, 2016 17:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндагони Суди Олии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии судяҳо оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуданд
Оид ба стратегияи ҳамкории Тоҷикистон ва Корея машғулияти академӣ доир шуд
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бостоншиносӣ» баррасӣ гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Гурҷистон дар такмили низоми нафақа густариш меёбад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии шаҳри Хуҷанд ба мавсими сармо ҳамаҷониба омода мешаванд
Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқҳои маъюбонро тасдиқ кард
Забони тоҷикӣ дар фазои рақамӣ: аз пайкараи матнӣ то истилоҳоти ягона
Дар Душанбе симпозиум доир ба соҳаи онкология оғоз гардид
Барои маблағгузории нафақа беш аз 4 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Форуми байналмилалии ҷавонони СҲШ оид ба ҳамкорӣ барои ояндаи устувор доир шуд