Мухолифини Сурия аз Димишқ талаби иҷрои қарори Созмони милалро карданд
Душанбе, 01.02.2016. (АМИТ » Ховар»). — То он даме, ки Димишқ қарори Шӯрои амнияти Созмони милали муттаҳидро таҳти рақами 2254 иҷро накунад, ҳайати мухолифини Сурия бо ҳукумат музокиротро оғоз намекунад. Дар ин бора котиби матбуотии ҳайати мухолифини Сурия Риёз Оғо ба «Риа Новости» хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, ҳайати мухолифин то он вақте, ки талабҳояш дар бораи дастрасии гуманитарӣ, қатъи оташкушоиҳо ва раҳоии боздоштшудагон аз ҷониби Димишқ иҷро нашаванд, ба бинои СММ дар Женева намеравад.
Ёдовар мешавем, ки 29-уми январ дар Женева миёни ҳукумати Сурия ва намояндагони мухолифини ин кишвар музокирот оғоз гардид. Ин музокирот тибқи қарори Шӯрои амнияти СММ таҳти рақами 2254 гузаронида мешавад ва интизор меравад, ки он 6 моҳ давом кунад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






