Мулоқот бо ҳамраиси Шӯрои соҳибкорони Тоҷикистону Фаронса
Душанбе, 15.02.2016. (АМИТ «Ховар»). — 12 феврали соли 2016 дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Фаронса вохӯрии сафири Тоҷикистон бо намояндагони ассотсиатсияи соҳибкорони Фаронса «MEDEF International», инчунин ширкатҳои фаронсавии Oberthur Technologies ва DV-Conseil баргузор гардид. Сафири Тоҷикистон Ҳомидҷон Назаров бо раиси навтаъйини Шӯрои соҳибкорони Тоҷикистону Фаронса (ҳамраис аз ҷониби Фаронса) Кристоф Фонтен, ки ҳамзамон директори идорӣ оид ба идентификатсия дар ширкати Oberthur Technologies мебошад, самтҳои минбаъдаи ҳамкориро баррасӣ намуд. Дар вохӯрӣ инчунин менеҷери лоиҳаҳо бо кишварҳои Балкан, Туркия ва Осиёи Марказӣ дар «MEDEF International» Богдан Гаден-Фирчак, менеҷер оид ба савдо бо кишварҳои ИДМ ва Русия дар ширкати Oberthur Technologies Зора Аҳмадӣ ва Денис Вере аз ширкати DV-Conseil иштирок намуданд.
Дар мулоқот сафири Тоҷикистон намояндагони доираҳои соҳибкории Фаронсаро бо вазъи сиёсиву иқтисодии имрӯзаи Тоҷикистон ошно сохта, дар бораи лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузории кишвар маълумот дод. Ҷонибҳо нақшаи амали дуҷониба ва огоҳонии минбаъдаро ба манзури тақвияти муносибатҳо байни ду кишвар ва имкониятҳои татбиқи лоиҳаҳои Тоҷикистон муҳокима намуданд.
Ҷонибҳо инчунин аҳамияти иштироки ҳайати доираҳои давлатӣ ва соҳибкории Тоҷикистонро дар чорабиниҳое, ки соли 2015 аз ҷониби «MEDEF International» баргузор гардиданд, инчунин дар доираи “Ҳафтаи рақобатпазирӣ” дар Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд (ОЭСР) барпо гаштанд, баланд арзёбӣ намуданд. Зикр гардид, ки ҷонибҳо минбаъд низ кӯшиш мекунанд, ки сатҳи баланди ҳамкориро нигоҳ дошта, ширкатҳои бештари Тоҷикистону Фаронсаро барои рушди оянда ҷалб намоянд.








Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






