Мулоқоти А. Абдуллозода бо донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон
Душанбе, 27.02.2016. (АМИТ «Ховар»).-Дирӯз дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ вохӯрии раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Аҳтам Абдуллозода бо донишҷӯёну устодон баргузор гардид. Қабл аз вохӯрӣ Аҳтам Абдуллозода нахуст дар маросими расмии кушодашавии Мусобиқаи волейбол байни дастаҳои мактабҳои олии Тоҷикистон барои дарёфти Ҷоми ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ширкат варзид.
Аҳтам Абдуллозода аз баргузории мусобиқа истиқбол намуда, гуфт, ки он барои тарғиби тарзи ҳаёти солим ва мустаҳкам намудани дӯстӣ миёни донишҷӯёни макотиби олӣ заминаи муфид мегузорад. Дар мусобиқа дастаҳои мактабҳои олӣ аз шаҳрҳои Душанбе, Хоруғ, Хуҷанд, Кӯлоб, Қурғонтеппа ва ноҳияи Рашт иштирок намуда, барои дарёфти ҷом байни ҳам рақобат мекунанд.
Аҳтам Абдуллозода бо фаъолияти китобхона ва маркази имтиҳонгирии тестии донишгоҳ аз наздик ошно гардида, дар дарси кушод, ки барои рушду инкишофи малакаи фикрии донишҷӯён ба роҳ монда шудааст, иштирок намуд.
Гуфта шуд, ки дар замони муосир ва асри технология ба роҳ мондани дарсҳои кушод ва ҷалби ҷавонон ба технологияи муосир мувофиқи мақсад буда, метавонад дар тарбияи маънавию ҷаҳонбинии ҷавонон таъсири мусбат расонад.
Пас аз иштирок дар чорабиниҳо бахшида ба 60-солагии донишгоҳ суҳбати озоди раиси кумита бо донишҷӯён баргузор шуд.
Аҳтам Абдуллозода дар вохӯрӣ бо ҷавонон нуктаҳои Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳ дод.
Аз ҷумла, гуфта шуд, ки дар Паёми имсола нақшаҳои рушду инкишофи иҷтимоию иқтисодии кишвар дар соли 2015 натиҷагирӣ шуда, дар назди мақомоти давлатӣ вазифаҳои мушаххас гузошта шуданд.
Ҳамзамон Аҳтам Абдуллозода тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи мамлакатро тавзеҳ дода, вобаста ба зарурати онсухан кард кард.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






