Мулоқоти Аҳтам Абдуллозода бо Бирачад Прасат
Душанбе, 10.02.2016. (АМИТ «Ховар»). — 9 феврали соли ҷорӣ мулоқоти раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам бо Сафири Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Тоҷикистон Бирачад Прасат сурат гирифт.
Дар мулоқот масоили густариши ҳамкории дуҷониба дар самти ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, роҳандозии ҳамкорӣ бо такя ба созишномаҳои баимзорасида, ҳамзамон баргузории рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Ҳиндустон дар пойтахти кишвар, ташрифи намояндагони студияи филмбардории Болливуд, баргузории ҷашнвораи синамоӣ бо ширкати ҳунармандони маъруфи ҳиндӣ дар Ҷумхурии Тоҷикистон ва дигар масоили мубрам мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Зимни вохӯрӣ инчунин доир ба роҳандозии муносибатҳои муштарак барои пиёда намудани ҳамкории мутақобилан судманд байни ширкатҳои сайёҳии ҳарду кишвар, чалби бештари сайёҳон ва намояндагони сайёҳии ватанию хориҷӣ табодули афкор сурат гирифт.








Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






