Мулоқоти адибон бо донишҷӯён дар ҳошияи Паёми Пешвои миллат
Душанбе, 12.02.2016 (АМИТ «Ховар»). -Бо ибтикори Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 10-уми феврал дар Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия вобаста ба Паёми Президенти кишвар нишаст доир гардид, ки дар он Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, нависанда, сармуҳаррири ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» Мансур Суруш, нависанда Бахтиёри Муртазо, шоир Акбар Абдулло, нависанда ва рўзноманигор Ҷумъа Қуддус, раиси дастгоҳи КИМ ҲХДТ Абдураҳмон Хонов ва намояндагони Раёсати донишгоҳ ширкат доштанд.
Зимни нишаст вобаста ба Паёми Президенти мамлакат Мансур Суруш иброз дошт, ки Пешвои миллат дар Паёми имсолаи худ ба масъалаи маориф таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, рушди ҳамаҷонибаи онро зарур донист ва зикр кард, ки омўзиши забонҳои хориҷӣ амри ногузир аст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






