Мулоқоти Давлаталӣ Саид бо ҳайати намояндагони Бонки осиёии рушд
Душанбе, 05.02.16. (АМИТ «Ховар»). — Имрўз муовини якуми сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид бо роҳбари ҳайати намояндагони Бонки осиёии рушд- мутахассис оид ба масъалаҳои молиявии бонк Баретто Рубен ва намояндаи доимии Бонки осиёии рушд дар Тоҷикистон Си Си Ю мулоқот кард.
Зимни вохӯрӣ масоили муҳими ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки осиёии рушд дар соҳаҳои марбута баррасӣ шуд.
Ҷонибҳо ба таври муфассал доир ба ҳамгироӣ дар татбиқи «Барномаи ислоҳоти фазои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва барномаҳои расонидани кумакҳои молиявию техникӣ табодули афкор карда, сатҳи ҳамкории дуҷонибаро дар таъмини рушди бемайлони иқтисоди Тоҷикистон назаррас арзёбӣ намуданд.








Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






