Мулоқоти Неъматулло Эмомзода бо Ҳамид Читчиён
Душанбе, 17.02.2016. (АМИТ “Ховар”). -Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Неъматулло Эмомзода 16-уми феврали соли равон бо вазири неру ва ҳамраиси ҷониби эронии Комиссияи муштараки ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ, илмӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Эрон Ҳамид Читчиён дидору мулоқот баргузор намуд.
Зимни мулоқот масоили марбут ба ҷараёни иҷрои протоколҳои ҷаласаи 10-уми Комиссияи муштараки ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ, илмӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Эрон ва Кумитаи пайгирии он мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифтанд.
Ҳамзамон сафири Тоҷикистон ва вазири неруи ҶИЭ оид ба анҷоми пурраи нақби “Истиқлол”, ки тавассути паймонкорони эронӣ иҷро мешавад, музокира намуда, барои баргузории ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки ҶТ ва ҶИЭ заминагузорӣ карданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






