Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо гурўҳи намояндагони Хазинаи байналхалқии асъор
Душанбе, 05.02.2016. (АМИТ «Ховар»). — Имрўз вохўрии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо гурўҳи намояндагони Хазинаи байналхалқии асъор ва директори иҷроияи ин хазина оид ба Тоҷикистон Даниэл Ҳеллер баргузор шуд.
Дар вохўрӣ вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хазинаи байналхалқии асъор баррасӣ гардид.
Тавре ки таъкид шуд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди ҳамкорӣ бо Хазинаи байналхалқии асъор дар бахшҳои бонкӣ, иқтисоду молия ва бахши хусусӣ ҳавасманд буда, дар доираи ҳамкорӣ бо ташкилоту созмонҳои бузурги минтақавию ҷаҳонии молиявӣ барои муътадилии вазъи иқтисодию молиявии мамлакат тадбирҳои муассирро амалӣ менамояд.
Гурўҳи намояндагони Хазинаи байналхалқии асъор оид ба Тоҷикистон дар навбати хеш изҳор доштанд, ки омодаанд барои гузаронидани машваратҳои иқтисодӣ бо ҳайати иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва расонидани кумакҳои молиявию техникӣ ба Тоҷикистон, бахусус дар шароити ноустувории вазъи иқтисоди кишварҳои минтақа ва ҷаҳон ҳамаҷониба ҳамкорӣ намоянд.








Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






