Мулоқоти Қосим Роҳбар бо Александр Зуев
Душанбе, 24.02.2016. (АМИТ «Ховар»). -23 феврали соли 2016 дар доираи ҳамкории барномавӣ вохўрии Қосим Роҳбар, раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Александр Зуев, намояндаи доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар ҷараёни мулоқот Қосим Роҳбар масъалаҳои вобаста ба рушди институтсионалии Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи муқаррароти нақшаи амал оид ба таъмини иҷрои «Консепсияи идоракунии рушди маҳал барои давраи то соли 2030», ҷорӣ намудани Феҳристи автоматикунонидашудаи вазифаҳо ва хизматрасониҳои давлатӣ, таъсиси низоми мониторинг ва арзёбии барномаҳои рушди маҳал, инчунин механизми арзёбии самаранокии фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва низоми мубодилаи электронии ҳуҷҷатҳоро барои муҳокимаронӣ мавриди баррасӣ қарор дода, ҷаноби Зуевро ба суҳбат даъват намуд.
Александр Зуев таъмини иҷрои чорабиниҳои мазкурро аз муҳимтарин масъалаҳо дар таҳким ва устувор гардонидани ҳамкорӣ байни Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳоди навтаъсиси Кумитаи рушди маҳал, ки қадамҳои аввалини худро дар роҳи рушди босубот ниҳодааст, арзёбӣ намуда, илова кард, ки Созмони Милали Муттаҳид ҳамеша омода аст дар доираи иҷрои нақшаи чорабиниҳои «Консепсияи идоракунии рушди маҳал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» фаъолона иштирок намояд.
Дар ҷамъбасти вохўрӣ ҳарду ҷониб ба мувофиқа омаданд, ки барои таъмини иҷрои босифати чорабиниҳо дар доираи нақшаи амал механизми муассири ҳамоҳангсоз роҳандозӣ шавад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






