Мулоқоти раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бо донишҷӯёни ДСРТ
Душанбе, 13.02.2016 (АМИТ «Ховар»).-. Чанде пеш мулоқоти раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ҶТ Аҳтам Абдуллозода бо донишҷӯёни Донишгоҳи (славянии) Тоҷикистону Русия (ДСРТ) доир гардид. Дар мулоқот Аҳтам Абдуллозода вобаста ба Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ сухан гуфта, онро ҳамчун ҳуҷҷати муҳим арзёбӣ ва ҳар як банду муҳтавои онро ба донишҷӯён маънидод кард.
Ҳамчунин оид ба вазъи сиёсию иқтисодии ҷомеаи ҷаҳонӣ ёдовар шуда, таъсири бевоситаи он ба ҳама самтҳои кишоварзӣ, аз ҷумла пастшавии қурби асъори миллӣ, ки ҳамаи ин дар маҷмӯъ таъсири манфӣ ба самтҳои рӯзмарра расонида истодааст, шарҳ дода шуд.
Вобаста ба ҷаҳонишавӣ ва таъсири мушкилоти ба вуҷудомадаи давлтаҳои Ховари Миёна ба ҳаёти ҷавонон ва волидони онҳо, ки бо истифода аз паст будани сатҳи маърифатнокӣ баъзе аз ҷавонон тавассути сомонаҳои иҷтимоӣ ба гурӯҳҳои ифротгаро ҷалб гардида, ҳаёт, қадр, обрӯи худ ва наздиконашонро зери хатар гузошта истодаанд, сухан гуфта шуд.
Дар мулоқот пешниҳод гардидани тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон саривақтӣ арзёбӣ гардида, нақши он барои донишҷӯёну устодон шарҳ дода шуд.








Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






