Мулоқоти Тоҳир Каримзода бо Искандар Кабиров
Душанбе, 17.02.2016 (АМИТ «Ховар»).- Сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҳир Каримзода муовини якуми сардори департаменти кумаки ҳуқуқӣ ба шаҳрвандони собиқ давлатҳои иттифоқ дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия Искандар Кабировро ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқот сардори хадамот Тоҳир Каримзода оид ба қонунгузориҳои нави Федератсияи Русия, мақоми муҳоҷирон, раванди муҳоҷирати меҳнатӣ, вазъият ва дурнамои муҳоҷират, касбомўзии муҳоҷирон, донистани забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла забони русӣ, инчунин риояи қоидаҳои будубоши кишвари қабулкунанда сухан гуфт.
Имрўзҳо Хадамоти муҳоҷират барои ба танзим даровардани раванди муҳоҷират ва сафарбаркунии муҳоҷирон дар масири дуруст тадбирҳои судманд меандешад.
Аз ин лиҳоз моро лозим аст, ки ба муҳоҷирони тоҷик -шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар минтақаҳои гуногуни Федератсияи Русия фаъолият менамоянд, кумак намоем, то онҳо худашонро танҳо ҳис накунанд,- иброз дошт сардори Хадамоти муҳоҷират.
Искандар Кабиров мухтасар дар бораи фаъолияти ташкилоти ҷамъиятии худ маълумот дода, арз намуд, ки шумораи зиёди шаҳрвандони Тоҷикистон ва дигар халқиятҳои собиқ давлати Шуравӣ дар шаҳри Маскав ва вилоятҳои он зиндагӣ ва фаъолият менамоянд. Ташкилот бо онҳо ҳамеша дар тамос буда, аз аҳволи онҳо бохабар аст ва кумакҳои ҳуқуқии худро мерасонад.
Дар фарҷоми мулоқот тарафҳо омодагии худро барои тақвият ва густариши ҳамкории минбаъда баён доштанд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






