Мулоқоти вазири рушди иқтисод ва савдо бо сафири Қазоқистон
Душанбе. 17.02.2015. (АМИТ «Ховар»).-Баррасии ҳамкории самарабахши иқтисодӣ байни Тоҷикистон ва Қазоқистон мавзўи асосии мулоқоти вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода бо Сафири Ҷумҳурии Қазоқистон дар шаҳри Душанбе Агибай Смагулов гардид, ки имрўз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо баргузор гашт.
Ҷонибҳо азми худро барои боз ҳам густариш додани ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ баён доштанд. Аз ҷумла, Сафири Ҷумҳурии Қазоқистон зикр намуд, ки дар минтақаҳои гуногуни ин кишвар анборҳои нигаҳдории маҳсулоти кишоварзӣ сохта мешаванд, ки барои афзун намудани иқтидори содиротии Тоҷикистон мусоидат хоҳанд кард. Сафир изҳори бовар намуд, ки ҷониби Тоҷикистон интиқоли васеи меваю сабзавотро барои нигаҳдорӣ дар ин анборҳо ва фурўши минбаъдаи онҳо чӣ дар бозори дохилии Қазоқистон ва чӣ берун аз ҳудуди он таъмин хоҳад кард.
Вазири рушди иқтисод ва савдо иброз дошт, ки содироти маҳсулоти кишоварзӣ дар гардиши савдои хориҷӣ бо Ҷумҳурии Қазоқистон тамоюли рушдро касб намудааст.
Ҷумҳурии Қазоқистон аз ҷиҳати гардиши савдои хориҷӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавқеи сеюм қарор дорад. Қазоқистон таҳвилкунандаи асосии орд, гандум, гази моеъ, равғани растанӣ ва маҳсулоти дигари ҳаётан муҳим ба кишвари мо маҳсуб мешавад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






