Муъминобод: аз 119 хатмкунандаи муассисаҳои касбии олии ҷумҳурӣ 97 нафар ба ҷои кор ҳозир шуд

Февраль 6, 2016 11:12

Душанбе, 06.02.2016. (АМИТ «Ховар»).- Дар соли 2015 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияро 1360 нафар хонанда хатм намуда, аз ҷумла, 608 нафар аз  тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 58 нафар ба хориҷи кишвар, 20 нафар тибқи квотаи президентӣ, 98 нафар  ба коллеҷи омӯзгорию тиббӣ ва 158 нафар ба литсейҳои касбӣ-техникӣ дохил гардида, 135 нафар хонандаи муассисаҳои таълимии ноҳия  дар озмунҳои вилоятию ҷумҳуриявӣ иштирок намуда,  сазовори 22 медали тилло, 20 медали нуқра ва 29 медали биринҷӣ гардидаанд- иттилоъ дод  раиси ноҳияи Муъминобод  Т. Амиршозода дар нишасти матбуотӣ.  Дар нишаст ҳамчунин хабар доданд, ки муассисаҳои таълимии ноҳия бо 575  компютер, 61  принтер, 2 тахтаи электронӣ таъмин гардидаанд, ки иҷрои  барномаи компютеркунониро  100% таъмин намудааст.

Тибқи роҳхати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд 119 хатмкунандаи муассисаҳои касбии олии ҷумҳурӣ барои кор ҳозир мешуданд. Мутаассифона, 97 нафарашон ба ҷойи кор ҳозир шуданд, ки аз онҳо 5 нафараш тибқи квотаи президентӣ мебошад.  Дар соли сипаригардида навсозии биноҳои муассисаҳои таълимии №17, №47, №13 ва №13 ба анҷом расонида шуда, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд, — гуфт Т.  Амиршозода.

Дар соли 2016 сохтмони муассисаҳои таълимии №15, №6 ва бинои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимии №43 ва №11 бо суръат идома дорад.  Ҳамчунин дар ноҳия мактабҳои №№ 5,9,11,33  дар ҳолати садамавӣ қарор дошта, муассисаи таълимии №37 ва №54 таъмирталаб мебошанд.

 

 

 

 

 

 

Февраль 6, 2016 11:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд