Муроҷиати бештари шаҳрвандон ба ВҲИ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ рабт доранд
Душанбе, 12.02.2016.(АМИТ “Ховар”).- Ба мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар соли гузашта беш аз 3 400 шаҳрванд муроҷиат намудаанд, ки ин омор дар қиёс ба соли 2014-ум 222 нафар зиёд аст. Аз муроҷиати шаҳрвандон беш аз 500 ададаш ба дастгоҳи марказии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон рост меояд, ки аз он 251- тоаш ба таври хаттӣ ва 275 ададаш ба таври шифоҳӣ ворид гардидаанд.
Инчунин наздик ба се ҳазор муроҷиати шаҳрвандон дар қабулгоҳҳои ҷамъиятии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба қайд гирифта шудааст, ки он нисбат ба соли 2014 -ум 238 адад зиёд аст.
Зариф Ализода -Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, ки муроҷиати шаҳрвандон бештар ба масъалаҳои оилавӣ, замин, манзил, ҳуқуқ ба меҳнат, молу мулк, таъминоти иҷтимоӣ ва ҳуқуқ ба муҳокимаи одилонаи судӣ рабт доранд. Омбудсмени тоҷик афзуд, ки қисми бештари муроҷиати хаттии шаҳрвандон ба мақомоти судӣ -66 адад, прокуратура -12 адад, Вазорати корҳои дохилӣ 26 адад мансуб мебошад.
Зариф Ализода таъкид кард, ки дар ин давра ҳамзамон ба мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон гурезаҳои Афғонистон, ки муваққатан дар кишвари мо зиндагӣ менамоянд, дар масъалаи гирифтани мақоми паноҳандагӣ муроҷиат намудаанд.








Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






