Н. Холдорбекова: «Издивоҷи ҷавонон коҳиш ёфтааст»

Февраль 18, 2016 15:51

Душанбе, 18.02.2016.(АМИТ «Ховар).- Тамоюли ақди никоҳ дар ноҳияи Ҳисор коҳиш ёфтааст. Нисо Холдорбекова -мудири бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи кишвар дар ноҳияи Ҳисор мегӯяд, ки агар дар соли 2014 аз ҷониби бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар ноҳия беш аз 3 200 ҷуфт ҷавонон ақди никоҳ баста бошанд, ин омор дар соли гузашта беш аз 700 адад коҳиш ёфта, зиёда аз 2 ҳазору 400 ҷуфтро ташкил медиҳад. Нисо Холдорбекова яке аз омилҳои коҳиш ёфтани издивоҷи ҷавононро ба бӯҳрони молиявӣ, ки ба буҷаи иҷтимоии хонаводаҳо ҳам таъсир гузоштааст, рабт медиҳад.
Инчунин масъули бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи кишвар дар ноҳияи Ҳисор афзуд, ки ҳамзамон дар ин давра тамоюли пош хӯрдани оилаҳои ҷавон ва бекор кардани ақди никоҳи онҳо дар ноҳия коҳиш ёфт, зеро агар дар соли 2014 дар ноҳия омори оилаҳои аз ҳам ҷудогардида беш аз 300 ҷуфтро ташкил дода бошад, дар соли сипаригардида ақди никоҳи зиёда аз 200 ҷуфт оилаҳо бекор карда шудааст. Коҳиш ёфтани тамоюли бекор кардани ақди никоҳ, пеш аз ҳама, бо роҳи бурдани корҳои оммафаҳмонӣ аз ҷониби ҷамоатҳо ва дигар мақомот муяссар гардидааст. Инчунин Нисо Холдорбекова яке аз омилҳои асосии пош хӯрдани оилаҳои ҷавонро дар омода набудани онҳо ба ҳаёти мустақилона ва хеле ҷавон ба шавҳар додани духтарон аз ҷониби волидайн медонад. Мавсуф афзуд, ки танҳо дар соли гузашта ақди никоҳи беш аз 40 ҷуфт ҷавонони синнашон ба никоҳ нарасида дар асоси ҳалномаи суд аз ҷониби бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба қайд гирифта шуд.
Инчунин дар соли 2015 дар ноҳияи Ҳисор тамоюли таваллуди тифлон афзоиш ёфт (8800 нафар), ки ин омор дар қиёс ба соли 2014 (8600 нафар) зиёд аст. Инчунин дар соли 2015 аз ҷониби бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ беш аз 1300 ҳолати муқаррар намудани падарӣ, зиёда аз 600 ҳолати иваз намудани ном, насаб ва номи падар, беш аз 1000 ҳолати фавт, ҳудуди 2000 ҳолати барқароркунии сабти тавалллуд ва ба фарзандхонӣ қабул намудани 43 кӯдак сабт гардидааст.

Февраль 18, 2016 15:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар филиалҳои Донишгоҳи давлатии Москва, Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС» ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор нишасти матбуотӣ доир мегардад
13 август дар филиалҳои Донишгоҳи давлатии Москва, Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС» ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор нишасти матбуотӣ доир мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз ноҳияи Тоҷикобод 20 ҳазору 600 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишкадаи тиббии иҷтимоии Тоҷикистон Маркази таҳсилоти баъдидипломӣ таъсис дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ дар шаш моҳ ба маблағи беш аз 487 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шуд
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоӣ, Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
12 август дар Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоӣ, Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии ҳосили гандум идома дорад
Дар Тоҷикистон Фестивали якуми байналмилалии санъати сиркӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад