Навишти ному насаб дар ҳуҷҷатҳои расмӣ муҳокима шуд
Душанбе, 18.02.2016. (АМИТ Ховар).-Кумитаи забон ва истилоҳоти кишвар дар асоси пешниҳоди лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ» 16-уми феврали соли равон дар китобхонаи кумита нишасти навбатӣ баргузор намуд.
Дар нишасти машваратӣ гурӯҳи кории кумита намояндагон аз Академияи илмҳо, вазоратҳои корҳои хориҷӣ, корҳои дохилӣ ва адлия, Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик ва Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ширкат намуда, масъалаи бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта оид ба навишти ному насаб дар ҳуҷҷатҳои расмиро мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор доданд.
Пешниҳоду тавсияҳои намояндагони мақомоти дахлдор ба таври хаттӣ пешниҳод гардида, он мавриди баррасии кумита қарор гирифта, дар «Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ» ҷой дода мешавад.








Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






