Наздикшавии Тоҷикистон бо ҷаҳони араб идома дорад
Душанбе, 18.02.2016 (АМИТ «Ховар»). — Дар доираи иштирок дар форуми ҷаҳонии соҳибкории давлатҳои ИДМ-2016 таҳти унвони «ИДМ: роҳҳои қадимӣ — имкониятҳои нав» дар Дубай (АМА) раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид бо президенти Палатаи савдо ва саноати Дубай Маҷид Сайф ал-Гурйер мулоқот намуд.
Ш. Саид ҳамсуҳбаташро бо афзалиятҳои асосии сармоягузории Тоҷикистон бо назардошти чунин соҳаҳои афзалиятнок, ба монанди гидроэнергетика, кӯҳкорӣ, саёҳат, истеҳсолу коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, саноат, бунёди корхонаҳои муштарак оид ба коркарди сабзавот ва меваҷот шинос намуд.
«Тоҷикистон ва Аморати Муттаҳидаи Араб (АМА) барои рушди манфиатҳои мутақобила имкониятҳои васеъ доранд. Заминаи ҳуқуқии мавҷуда, фаъолияти пурсамари комиссияи байниҳукуматӣ, парвози мустақими хатсайри «Душанбе-Дубай» барои ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодии ҳар ду ҷониб шароити мусоид фароҳам меоваранд», — таъкид дошт раиси Палатаи савдо ва саноати ҶТ.
Ш.Саид наздикшавии Тоҷикистонро бо ҷаҳони араб муҳим арзёбӣ намуд, ки далели он раванди барқарории робитаҳои мустақим миёни соҳибкорони Тоҷикистон ва АМА мебошад. Баимзорасонии созишномаҳо оид ба татбиқи лоҳиаҳои сармоягузории мутақобилан судманд ва инчунин ифтитоҳи консулгарии Тоҷикистон дар АМА ва консулгарии АМА дар Тоҷикистон натиҷаи ин наздикшавӣ мебошанд.
Маҷид Сайф ал-Гурйер Тоҷикистонро шарики муҳими тиҷоратӣ номида, изҳори умед кард, ки кӯшишҳои ҳарду ҷониб дар кушодани имконоти нав барои ҳамкорӣ кумак мерасонанд.








Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






